МАВҚЕЪИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҚАЛАМРАВИ ҒАСБШУДА ОДИЛОНА АСТ…

35

Имрӯз (06.12.2022) дар толори калони Донишгоҳи миллӣ ҷиҳати муаррифии муҳтавои мақолаи коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо зери унвони “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” ҳамоиши иттилоотӣ-тарғиботӣ бо ширкати муаллифи мақола, ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва ҳайати устодону кормандони донишгоҳ баргузор гардид. Дар сухани ифтитоҳӣ Ректори донишгоҳ дар самти хештаншиносиву ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, ҳимояи марзу буми аҷдодӣ, муаррифии фарҳангу забон ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ андешаронӣ намуд.Коршинос Абдуллоҳи Раҳнамо мақсади таълиф ва муҳтавои мақолаи “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?”-ро шарҳ дода, таъкид дошт, ки мақсади асосии ин навиштаи мушаххас дар асоси санадҳои дақиқи таърихӣ дар дохили кишвар ба вуҷуд овардани фаҳми бештар дар бораи моҳияти мавқеи ҷониби Тоҷикистон дар ин масъала мебошад.Мавсуф дар идомаи суханронӣ далелҳои раднопазир, ҳақиқатҳои бебаҳс ва харитаҳои гуногуни таърихиро пешниҳоди ҳозирин кард: “Низои марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки инак наздики сад сол идома дорад, дар солҳои охир моҳияти боз ҳам мураккабу муташанниҷро касб кардааст. Баррасии мавқеъ ва изҳороти намояндагони ҷонибҳо ва арзёбии равандҳои сиёсию иттилоотии атрофи масъала нишон медиҳанд, ки ин буҳрон на танҳо дар ҳоли ҳалшавӣ, балки дар ҳоли амиқшавию васеъшавӣ қарор дорад»-таъкид дошт ӯ.Гуфта шуд, ки ба ин баҳс пайвастани Русия ва созмони СПАД ва даъвати роҳбарияти Қирғизистон аз СММ, САҲА ва ташкилотҳои дигари байналмилалӣ барои «миёнаравӣ» дар ҳалли ин буҳрон, имкони аз як масъалаи маҳаллию байнидавлатӣ ба як баҳси калони минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил ёфтани онро боз ҳам бештар намудааст.Коршинос бо овардани даҳҳо далелҳои муҳиму таърихӣ, таъкид дошт, ки ҷониби Тоҷикистон дар ягон ҳолат наметавонад ҳамчун кишвари таҷовузкор шинохта шавад, зеро Тоҷикистон ба қаламрави қонунии Қирғизистон дахолат накардааст, балки аз кишвари ҳамсоя бозгардонидани заминҳои қонунии худашро талаб дорад. Зеро як кишвар наметавонад ба қаламрави худаш «ҳуҷум» кунад ё ба он «таҷовуз» кунад. Аз ин рӯ, дар ин баҳсу буҳрон мавқеъ, талош ва муборизаи Тоҷикистон барои баргардондан ё озод кардани қаламрави ғасбшудаи худ моҳияти одилона дорад. Дар охир аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ба меҳмони ҳамоиш Сипосномаи донишгоҳ тақдим гардид.