ВОХӮРИИ ЗАНОНУ БОНУВОН ДАР КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИБТИДОИИ “ДОНИШ”

18

Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш” бо ишитироки гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва ҷалби бонувону донишҷӯдухтарон ва омӯзгорони донишгоҳи мазкур вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ иштирок доштанд Зуҳурова Заррина – Сардори раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Турсунова Маъмура — мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи ироияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Қурбонова Ширин – Раиси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Юсуфзода Файзигул – вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур,. Зимни вохӯрӣ зикрёфта масъулин оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону бонувон, маърифати оиладорӣ, пешгирии пошхурии оилаҳои ҷавон, зуроварӣ дар оила, тарбияи худогоҳию ватанпарастии ҷавонон, татбиқи қонунҳои миллӣ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила” суханронӣ намуданд.