ТАРҒИБИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

25

Субҳи имрӯз (03.12.2022) дар доираи нақшаи чорабиниҳои донишгоҳ бо иштироки муовинони деканҳо оид ба тарбия, сарпарастон, раисони созмони ҷавонон ва шуъбаи тарбияи донишгоҳ машқи пагоҳирӯзӣ гузаронида шуд. Мақсади асосӣ аз баргузор намудани машқҳои пагоҳирӯзӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни устодону кормандон, донишҷӯён ва ҷалби бештари онҳо ба варзиш мебошад. Ёдрас мешавем, ки баргузор намудани машқи пагоҳирӯзӣ низ дар пайравӣ ба таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба варзиш роҳандозӣ шудааст.