БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ДОНИШГОҲӢ

27

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси факултети физика ва математика конфронси донишгоҳии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Истифоди технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” бахшида ба солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо иштироки васеи омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.Дар конфронс ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, дотсенти кафедраи илмҳои компютерӣ Одиназода Сафаргул, декани факултети физика ва математика, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Давлатов Раҳмоналӣ, сардори Раёсати илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Самариддинова Зайнаб омӯзгорон ва донишҷӯён ширкат варзиданд.Сараввал мудири кафедраи илмҳои компютерӣ, номзади илмҳои техникӣ Шарипов Аламшо ҷаласаи ифтитоҳиро оғоз намуда, ҳозиринро шодбош гуфтанд.Конфронс бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.Баъдан дотсент Рафиев Сафархон баромад намуда, қайд кардан: “Технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ яке аз бузургтарин дастовардҳои илму техникаи ҳозиразамон ба ҳисоб меравад. Қариб ҳар сол схема ва сохти ин мошинҳо такмил ёфта, соҳаҳои татбиқи онҳо васеъ мегарданд. Технологияҳои иттилоотӣ, ки имрӯз сатҳи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунандаро дар ҷомеа муайян мекунанд, ба зудӣ пайдо, ворид ва нопадид мешаванд ва мавқеи худро ба технологияҳои навтар медиҳанд.Имрӯз технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ барои ҳалли масъалаҳои риёзӣ, иқтисодӣ, муҳандисӣ, молиявӣ, илмӣ, ҳисобкуниҳои оморӣ ва ғайраҳо истифода мешаванд. Татбиқи истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар соҳаҳои гуногун аз донишу малакаи истифодабарандаи он вобастагӣ дорад.”Сипас, дотсенти кафедраи илмҳои компютерӣ Одиназода Сафаргул дар мавзуи “О концептуальной и математической модели состояния одной пятиуровней экологической системы”, саромӯзгори кафедраи илмҳои компютерӣ Шоҳсанами Ризо дар мавзуи “тадбиқи имкониятҳои забони барномасозӣ дар рафти таълими фанҳои сиклӣ-гуманитарӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ”, саромӯзгори кафедраи илмҳои компютерӣ Сулаймонов Убайдулло дар мавзуи “Имкониятҳои таълим гирифтан тавассути технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар низоми таҳсилоти фосилавӣ”, ассистенти кафедраи методикаи таълими информатика Суфиев Хайриддин дар мавзуи “Таҳия ва азнавсозии барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, дар таълими технологияи иттилооотӣ” ва магистранти соли дуюми ихтисоси информатика Каримова Миҷгона дар мавзуи “Имкониятҳои мултимедиявии барномаи “Screech” дар сохтани барномаҳои омӯзишӣ барои забони олмонӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд. Пас аз ҷамъбасти ҷаласаи ифтитоҳӣ кори конфронс дар ду бахш: “Нақши технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар азнавсозии таҳсилот” ва “Истифодабарии технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар таълими фанҳои техникӣ, табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” идома ёфт.Мавриди зикр аст, ки дар ҷаласаи ифтитоҳӣ ва бахшҳои конференсия 33 маърӯзаи омӯзгорон ва унвонҷӯён бобати бахшҳои гуногуни технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ шунида шуданд.